ТАҶАММӮИ ҶАНГИЁН. Дар бораи вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон муташанниҷ, вале таҳти назорат аст. Дар ин бора раиси Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ИДМ, генерал-полковник Александр Манилов изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Sputnik-и Россия.
«Вазъ душвор, муташанниҷ, аммо таҳти назорат аст», — таъкид кард ӯ. Генерал-полковник ёдовар шуд, ки 3 ноябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ИДМ баргузор гардид.
Бино ба иттилои ӯ, иштирокчиёни ҷаласа вазъи марзҳои хориҷии Иттиҳод ва ҳамчунин самти Афғонистонро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба таҷаммӯи ҷангиён дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон зоҳир гардид.
«Баъзеи онҳо аз минтақаҳои ҷангӣ омадаанд, ки мояи нигаронии хосанд, чун инҳо на танҳо одамоне ҳастанд, ки дар тарафи дигаранд, балки омӯзишдидаанд, чӣ тавр истифода бурдани силоҳ, анҷом додани диверсия ва ҳамлаҳои террористиро медонанд», — гуфт Манилов.
Чанде пеш дар нишасти сарони давлатҳои «Россия – Осиёи Марказӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ва таҷаммӯи ҷангҷӯён изҳор дошта буданд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, Душанбе марзро бо кишвари ҳамсоя таҳким бахшида, инфрасохтори зарурии сарҳадӣ бунёд мекунад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон тайи 2,5 сол дар марз бо Афғонистон беш аз 175 иншооти посгоҳҳо ва отрядҳои сарҳадӣ сохт. Аммо ин, бино ба таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз кофӣ нест.
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






