Тоҷикистон ва Туркия ҳамкории иқтисодӣ ва танзими сафарҳои мутақобилаи сатҳи баландро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири тиҷорати Туркия Мустафа Тузҷу баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва танзими сафарҳои мутақобилаи сатҳи баландро дар ояндаи наздик муҳим арзёбӣ намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз беш аз 11 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






