Вазорати нақлиёт ва «China Railway Wuju (Group) барои сохтмони чор қитъаи роҳи мошингард дар шимоли Тоҷикистон қарордод ба имзо расониданд

Ноябрь 28, 2022 15:18

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи Чин «China Railway Wuju (Group) Corporation» Чжан Лян барои бунёди чаҳор қитъаи роҳ дар вилояти Суғд бо дарозии умумии 51,2 километр қарордод имзо карданд. Қарордод дар чаҳорчӯби тарҳи марҳилаи чаҳоруми Барномаи беҳтар намудани иртибототи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба маблағи 56,6 миллион доллар имзо шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири нақлиёт ба пудратчӣ барои бо сифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳо супоришҳои мушаххас дод. Азим Иброҳим таъкид кард, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа пудратчӣ бояд кормандони муҳандисию техникии баландихтисосро ҷалб кунад ва бояд беш аз 80 дарсади коргаронро мутахассисони маҳаллӣ ташкил намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи навсозии қитъаҳои роҳи Куруш-Бекобод дарозии 12,3 километр, роҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров дарозии 22 километр, инчунин таҷдиди қитъаи роҳи Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз тӯли 6,6 км ва «Конибодом — Кучкак» дарозии 10,3 километрро дар бар мегиранд. Дар доираи лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр сохта мешаванд.

 АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2022 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад