«ВОҚЕИЯТИ НАВ – РАСОНАҲОИ НАВ». Дар шаҳри Челябинск Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 ноябр дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон таҳти унвони «Воқеияти нав – расонаҳои нав» баргузор гардид. Дар он донишҷӯëн ва магистрантони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии декани факултет, доктори илмҳои филологӣ, дотсент Абдулмуъмин Қутбиддинов ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Талабшо Ихромов хабар дод.
Дар форуми мазкур инчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, пешвоёни ҷавон, донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳо, намояндагони сохторҳои амалкунандаи сиёсати ҷавонон дар Россия ва Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан, Хуҷанд, Москва, Санкт-Петербург, Саратов, Архангелск ва дигар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Форум ба таҳкими ҳамкории ҷавонони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, дар доираи он 50 нафар кормандони ВАО аз Россия ва Тоҷикистон дар дарсҳои маҳорат, вохӯриҳо ва суханронӣ оид ба масъалаҳои мубрами кор бо захираҳои ВАО иштирок намуданд.
Аз ҷумла, иштирокчиёни форум дар машварати «Маркетинги иҷтимоӣ чист ва ВАО ба он чӣ ниёз дорад» ширкат варзида, миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






