Зайнулло Шарифзода раиси нави Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон интихоб гардид

Ноябрь 2, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои федератсия, мураббиёну доварон ва намояндагони варзишгарон ширкат карданд.

Пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа масъалаи истеъфои раиси федератсия ва интихоби раиси нави федератсия баррасӣ шуд.

Ҷаҳонзеб Қармишев, ки аз соли 2017 раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон буд, истеъфо дод. Аъзои ҷаласа ба Ҷаҳонзеб Қармишев барои фаъолияташ дар ин симмат дар муддати панҷ сол миннатдорӣ баён карда, барояш муваффақият хостанд.

Зикр гардид, ки натиҷаи варзишгарони мо дар намуди таэквондо хуб аст. Аз ҷумла, аз рӯи ин намуди варзиш мо медали биринҷии Бозиҳои олимпии наврасон (2010-Сингапур), ду иштирокчии Бозиҳои олимпӣ (2012-Лондон), се медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2014-Инчон), 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷии чемпионатҳои Осиёро дорем.


Сипас бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Зайнулло Шарифзода- директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон интихоб шуд.

Зайнулло Шарифзода ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ намуди олимпии таэквондоро рушд медиҳем. Ӯ вазифа гузошт, ки бояд варзишгарони мо аз рӯи ин намуд ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат гиранд.

Бо пешниҳоди раиси нави федератсия Ҷаҳонзеб Қармишев ноиби аввали раис ва Парвиз Собирзода ноиби раиси федератсияи интихоб шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд