ҲАФТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд назаррас аст

Декабрь 9, 2022 13:39

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 ва 2022 дар доираи ду иқдоми бесобиқа зиёда аз 180 кӯдак аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Ховари миёна ба Тоҷикистон оварда шуданд, ки ин иқдом гувоҳи ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арҷгузорӣ ба сулҳу амният мебошад. Ин нуктаро имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода зимни баргузории ҷамъомади ҷумҳуриявӣ бахшида Рӯзи ҳуқуқи инсон изҳор намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санади байналмилалии Эъломияи ҳуқуқи инсон ҳамроҳ гашта, таваҷҷуҳи асосиро ба меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар чун сарчашмаи инкишофи густариши ҳуқуқии дохилидавлатӣ оид ба ҳуқуқи инсон равона сохтааст. Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ин санад аксари санадҳои дигари ҳуқуқи байналмилалӣ, ба мисли Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонии таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонидааст.

У. Бобозода зикр намуд, ки Конститутсияи кишвар ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқии кишвар таъмини эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии онро кафолат медиҳад. «Меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба таъмини риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мустаҳкам гардонида шуда, ба он боби алоҳида ҳам ҷудо гардидааст. Кисмати зиёди меъёрҳои Конститусияро маҳз меъёрҳои ҳуқуқи инсон ташкил медиҳанд»,-афзуд ӯ.

Иброз гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар- баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, бинобар ин ҳамасола дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ваколатдор барномаҳо гузаронида мешаванд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода зикр намуд, ки аз соли 2011 инҷониб тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» мо ҳамасола Рӯзи ҳуқуқи инсонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем ва таҷлили ин рӯз барои мардуми кишвар бениҳоят арзишманд мебошад. «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобидааст. Бо мақсади таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми миллии махсусгардонидашуда оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва баъдан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуданд. Дар баробари ин ташкили фазои мусоидро барои фаъолияти ташкилоти ғайридавлатӣ ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи шаҳрвандӣ қадами муҳим арзёбӣ намудан мумкин аст»,-афзуд дар идома З.Ализода.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар самти риоя ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чун ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст.

Умед Бобозода изҳор дошт, ки дар даврони фаъолияти худ Ваколатдор барои таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст. «Аз ҷумлаи ин дастовардҳо- ин пеш аз ҳама, зери назар ва роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 ва 2022 дар доираи ду иқдоми бесобиқа зиёда аз 180 кӯдак аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Ховари миёна ба Тоҷикистон оварда шуданд. Барои барқарор намудани ҳолати равонӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ чорабиниҳо амалӣ гашта истодаанд. Ин иқдомҳо бо мақсади раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ ва баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат, ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар ва арҷгузорӣ ба сулҳу амният мебошанд»,-афзуд Ваколатдор.

Зикр шуд, ки дар ин робита бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва таъмини зиндагии шоистаи кӯдакон аз ҷониби Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот бо занону кӯдаконе, ки дар ҷойҳои махсус ҷойгир шудаанд, вохӯриву суҳбатҳо гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо ин рӯзро таҷлил менамояд.

Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон- ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 74 сол пур мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2022 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат: «Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари сокинони Бадахшон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Дар Душанбе доир ба рушди инноватсионии илм конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар 42 сардхонаи шаҳри Ҳисор захираи маҳсулот идома дорад
Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
«ЗАН-РОҲБАР». Дар минтақаи Рашт барои занони хизматчии давлатӣ машғулият доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Бо хизматчиёни давлатии ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Сангвор вохӯрӣ доир гардид
БАДАХШОН-МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ. Ҷаҳонгардон дилбастаи табиати нотакрори ин гӯшаи зебои Тоҷикистон гаштаанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ АРТРИТ. Ба ин беморӣ бештар нафарони фарбеҳ гирифтор мешаванд
Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ сохтмони хонаҳо барои зарардидагони офати табиӣ ба анҷом мерасад