«ҚАЛАМРАВИ МЕҲР». Маҷмӯаи нави шеърҳои Рустам Ваҳҳобзода аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯаи нави ашъори шоири тавонои тоҷик Рустам Ваҳҳобзода бо номи «Қаламрави меҳр» ба дасти дӯстдорони адабиёт расид. Китоб дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Аксари ашъоре, ки аз маҷмӯаҳои пешин дар ин китоб ҷо ёфтаанд, мавриди таҳриру такмили дигарбора қарор гирифта, матни тоза пешкаши хонанда шудааст», — навиштааст дар бораи китоби нави Рустам Ваҳҳобзода муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон, шоири шинохта Давлат Сафар дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook.
Меҳвари мавзуии маҷмуаи мазкурро васфу ситоиши арзишҳои волои маънавию башарӣ, тасвиру таҳлили бадеъи муҳимтарин падидаҳо ва масъалаҳои муосир, тараннуми меҳру муҳаббат ва муқаррароти миллию инсонӣ ташкил медиҳад.
Нависандагону шоирон хеле зиёданд, аммо онҳое, ки эҷодиёташонро хонанда дӯст дорад ва ҳар китоби навашонро муштоқона интизор бишавад, хеле каманд. Ашъори Рустам Ваҳҳобзода ҳаводорони зиёд дорад. Ӯ бо китобҳояш, шеърҳояш на танҳо сафи мухлисони эҷодиёти худ, балки шумори китобдӯстони кишварро низ меафзояд. Ба қавли Карел Чапек, «хонадаро китоб ба вуҷуд меорад». Муҳаббати мардум ба китоб ва китобхониро шоирону нависандагон ва донишмандон бедор мекунанд.
Рустам Ваҳҳобзода аз маъруфтарин чеҳраҳои илму адаб дар кишвар ва муаллифи даҳҳо китобу рисолаҳо, маҷмуаҳои шеърӣ, асарҳои таҳқиқотӣ дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик аст. Аввалин китоби шеърҳояш бо ном “Калимаҳо” соли 1990 чоп шудааст. Баъдан маҷмуаи ашъораш бо номҳои “Шаҳри Хуршед” (2008), “Салом” (2016), “Сарводаи Ватан”, “Ҳазор байт” (муфрадоти бадеҳа) интишор ёфтаанд.
Рустам Ваҳҳобзода дар шабакаи ҷаҳонии Facebook гуруҳи «Дуруст бинависем»-ро созмон додаст, ки қариб 10 ҳазор муштарии доимӣ дорад ва дар роҳи ташвиқу тарғиби забони давлатии Тоҷикистон, рушду такомул ва тозаю озода нигоҳ доштани он саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Дар айни замон вазифаи сардабири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” –ро иҷро мекунад.
Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид






