Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи илму маориф вусъат меёбад

Декабрь 2, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 02.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Федеративии Олмон беш аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба донишҷӯён забони олмонӣ таълим дода мешавад. Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе ва таҷлили Рӯзи омӯзгори забони олмонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки соли 2022 дар доираи ҳамкории ҷойдошта баргузор гардидаанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуда, вобаста ба баргузор намудани олимпиада аз фанни забони олмонӣ, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Олмон, ба роҳ мондани табодули барномаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои информатсионӣ, гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ва Олмон, ташкили курсҳои омӯзишӣ дар Олмон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти илму маориф ва чанд таклифу пешниҳоди дигарро ироа намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид