АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 қабул гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. 30 августи соли равон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи лоиҳа, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳала: солҳои 2023 – 2026, 2027 – 2030 ва 2030 – 2040 татбиқ мегардад.
Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад.
Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосиро ба таҳсилоти миёнаи умумӣ равона намуда, инчунин тамоми зинаҳои дигари таҳсилро фаро мегирад. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсилот таҳия шуда, аз ҷумла арзишҳои миллию башарӣ, дастовардҳои илмию техникиро фаро мегирад.
Бо амалӣ шудани таҳсилоти рақамӣ формати (шакли) идоракунии муассисаҳои таҳсилотӣ тадриҷан тағйир меёбад. Дар муассисаҳои таҳсилӣ муҳити ба истилоҳ рақамӣ ташкил меёбад. Дар оянда рӯзномаҳои электронӣ, тахтаҳои электронӣ бо мундариҷаи интерактивӣ, компютерҳо ва планшетҳо истифода мешаванд.
Вазифаи консепсияи мазкур- ин баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди омӯзиш бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва онлайнӣ, татбиқи барномаҳои таҳсилоти рақамӣ ва дарки низоми нави маориф мебошад
Яке аз вазифаҳои ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030- ин таъмини тамоми духтарон ва писарон бо таҳсили пурраи ройгон, баробар ва босифат дар зинаи ибтидоӣ ва миёна бо натиҷаҳои муассири таълим ва ба таври устувор зиёд шудани шумораи ҷавонон ва калонсолони дорои малакаи муносиб ба шуғл, кори шоиста ва соҳибкорӣ мебошад. Инчунин тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ба захираҳои интернетӣ ва таҷҳизоти компютерӣ дастрасии васеъ пайдо менамоянд.
Ҳамчунин таъмини маводи интернетӣ барои аксари фанҳо ва васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои интерактивии таълим бо истифода аз ТИК, аз ҷумла таҳсили фосилавӣ (онлайн) ва рушди барномаҳои заминавии таълим бо забони тоҷикӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид






