АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Тибқи квотаи президентӣ 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон маълумоти олӣ гирифтанд

Декабрь 8, 2022 12:10

ДУШАНБЕ, 08.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 26 апрели соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон, созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ зарурати таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид карданд.

Вазорати маориф ва илми мамлакат соли таҳсили 1997-1998 барои довталабон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ квотаи махсусро ҷорӣ намуд. Тибқи он ҳар сол духтарони деҳоти дурдаст тибқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул мешаванд. Аз соли таҳсили 2005-2006 қабули писарони болаёқати деҳоти дурдасти кишвар низ тариқи квота ба роҳ монда шуд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар 26 соли таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 26 ҳазору 67 ҷой (15 ҳазору 914 ҷой барои духтарон ва 10 ҳазору 153 ҷой барои писарон) ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президентӣ дар се давр доир мегардад. Даври якум дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, даври дуюм бо иштироки ғолибони даври якуми озмун барои ҳар як ихтисоси пешниҳодшуда дар сатҳи ноҳия (шаҳр) ва даври сеюми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявие, ки аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, гузаронида мешавад.

Озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даври сеюм дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар як ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ мегарданд, баргузор мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки Пешвои миллат дар дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2022 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад