Азим Иброҳим дар Сафорати Чин дар Душанбе аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китоби тасаллият сабт гузошт

Декабрь 3, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 декабр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба Сафорати Чин дар Душанбе ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби хотира, бинобар даргузашти собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин, сабт гузошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин 30 ноябр даргузашт.

Тавре қабал АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими шоистаи давлатӣ, собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту муҳтавои як давраи комили рушди Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҷассум намуда, дар дохили кишвар ва берун аз он соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад. Ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо ҷаноби Тсзян Тсземин бо некӣ дар ёд дорам.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ҳамдардӣ ва таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, мардуми дӯсти Чин ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум иброз менамоям».

АКС: Вазорати нақлёти ҶТ

Декабрь 3, 2022 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд