Барномаҳои солинавии Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 декабр то 22 январи соли 2023 дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон ва наврасон ҳунармандони Сирки Федератсияи Россия барномаи идона пешниҳод менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сирки давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барномаи солинавӣ аз намоишҳои гимнастҳо, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат буда, барои фароғати кӯдакону наврасон хеле ҷолибу хотирмонанд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги мамлакат, аз 15 декабр сар карда, театрҳои давлатии мамлакат бахшида ба Соли нави мелодӣ намоишҳои идона, инчунин кӯдаконаро рӯи саҳна овардаанд. Барномаҳои театрикунонида то 10 январи соли 2023 пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.
Чиптаҳо дар хазинаи Сирки давлатӣ ҳамарӯза фурӯхта мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд






