БАРОИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ. Дар Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ «Grand Prix» оид ба дзюдо баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон соли оянда бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Гран-при оид ба дзюдо, ки дар он наздик ба 300 нафар варзишгарон аз зиёда аз 30 кишвар барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубораза хоҳанд бурд, баргузор мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо (ФБД) иттилоъ медиҳад.
Мусобиқа 2 июни соли 2023 ба нақша гирифта шуда, дурӯз идома меёбад. Мусобиқа «Grand Prix Dushanbe-2023» ном гирифтааст.
Қаблан бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо оид ба баргузор намудани мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe» барои солҳои 2023-2026 дар пойтахт тавофуқ ба даст омад.
Чанде пеш созишномаи лахлдор дар шаҳри Абузабӣ миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба имзо расид. Сипас ҷонибҳо зикр карданд, ки дзюдо яке аз навъҳои варзиши рушдёфта дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Душанбе талош меварзад, то мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шавад.
Бояд гуфт, ки Гран-при оид ба дзюдо («Grand Prix») ҳар мавсим дар доираи мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Дар баъзе мусобиқаҳо варзишгарон метавонанд барои рейтинги олимпӣ хол ба даст оранд. Имсол ин гуна мусобиқот дар Ҷопон ва Хорватия баргузор шуда, дар ин рӯзҳо (аз 19 то 22 декабри соли 2022) дар Байтулмуқаддас, ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар – Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар охири мусобиқа, ҳар як ғолиб соҳиби 1800 хол мегардад. Ин шумораи холҳо бораи ба даст овардани роҳҳат ба бозиҳои Олимпии Париж 2024 кумак хоҳанд кард.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






