«БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН». Бонки Эсхата ғолиби ин озмуни ҷумҳуриявӣ гардид

Декабрь 6, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Эсхата ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» гардида, дар номинаи «Беҳтарин инфрасохтори содироткунанда» соҳиби ҷоиза шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки Эсхата хабар доданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун 28 ноябри соли 2022 дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” баргузор гардид. Зиёда аз 60 субъекти ватанӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намуданд.

Беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинаҳои дахлдори қоидаҳои муқаррарнамудаи озмун интихоб гардида, ба ғолибон ҷоиза ва сертификати Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Бонки Эсхатаро менеҷери калони корпоративӣ Фирдавс Муллобоев намояндагӣ кард.

Бояд зикр кард, ки Бонки Эсхата дар самти содироти Тоҷикистон бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои кишвар дастгирии молиявӣ мерасонад. То имрӯз зиёда аз 500 корхонаи бузурги кишвар аз ҷониби Бонки Эсхата маблағгузорӣ шудаанд.

Ҳамин тариқ, бонк дар татбиқи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани муомилоти тиҷорати берунӣ ва рушди фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ба содироти маҳсулот нигаронида шудааст, мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 қабул гардидааст, ташкил карда шуд.

АКС: Бонки Эсхата

Декабрь 6, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад