Дар 6 соли охир шумораи хоҷагиҳои моҳипарвари Кӯлоб як баробар зиёд шуд

Декабрь 18, 2022 10:41

КӮЛОБ, 18.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб давоми 6 соли охир шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар як баробар зиёд шудааст. Баъди фароҳам овардани шароити мусоид барои моҳипарварӣ ва додани имтиёзҳо ба кишоварзон майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ васеъ шуда, истеҳсоли гӯшти парҳезӣ зиёд гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Сардори хоҷагии моҳипарварӣ дар шаҳри Кӯлоб Рустам Нуралиев гуфт, ки «хоҷагии моҳипарварии «Исмоил» дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор» яке аз хоҷагиҳои муваффақ дар ин самт ба шумор меравад. Давоми чанд соли охир саҳмдорони ин хоҷагӣ бозору марказҳои шаҳри Кӯлобро бо моҳӣ таъмин менамоянд. Имсол низ бо тавсияи мутахассисони соҳа дар ин хоҷагӣ навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуданд ва аллакай беш аз як тонна маҳсулотро ба фурӯш баровардаанд. Дар натиҷаи боронҳои селу пай дар пай аввали моҳи ноябр сатҳи оби «Кӯлобдарё» баланд гардида, се ҳавзи моҳии хоҷагиро дар масоҳати қариб як гектар шуст, ки ин ба хоҷагӣ ҳисороти зиёд ворид намуд».

Ба гуфти хоҷагидорон, дар ин ҳавзҳо барои соли оянда 30 ҳазор моҳича парвариш меёфтанд, ки ба дарё рафтанд. Ҳоло бо истифода аз техника ҳавзҳоро барқарор карда истодаанд ва мақсад доранд соли оянда бо дастрас намудани моҳичаҳо дар ҳамаи ҳавзҳо парвариши моҳиро ба роҳ монанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид