Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷонибаи ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, саноату энергетика, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва ҳайати Маҷористонро – ҳамраиси Комиссия, муовини Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва тиҷорат Адам Штифтер роҳбарӣ намуданд.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Маҷористон дархост намуд, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои обёрӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, сохтмони неругоҳҳои хурду миёна, зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон бо мақсади таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Маҷористон, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории кишвар, инчунин таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ барои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, коркарди маҳсулоти нассоҷӣ ва кишоварзӣ мусоидат намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки зимни сафари мазкур ҳайати Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдори Маҷористон якчанд вохӯриҳои самаранок баргузор намуд.
Зимни боздид ҳайат бо таҷрибаи Маҷористон дар соҳаи мудирияти об ва навовариҳои ҷоришаванда шинос шуда, ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон дар доираи ин сафар мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти Эксимбонки Маҷористон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон ва Маҷористон, имконияти тавсеаи робитаҳо, бахусус тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ҷалби маблағгузории Эксимбонки Маҷористонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр бояд намуд, ки вохӯриҳои зимни сафари мазкур баргузоргардида самарабахш буда, дар анҷоми ҷаласаи Комиссия ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳаматарафа густариш додан ва истифодаи самараноки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ изҳор намуданд.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ Протоколи расмӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






