Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон масъалаҳои ҳуқуқи башар ва забоншиносӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои назарии забоншиносии муқоисавӣ-типологӣ, тарҷумашиносӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.
Конференсия ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мешавад, бахшида шуд.
Муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ Дониёр Сангинзод мақсади конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» номид.
Дар он Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд», ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе Зайниддин Мухторов дар мавзӯи «Вижагиҳои соҳавии татбиқи барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии донишгоҳ Олимҷон Қосимов дар мавзӯи «Истифодаи нави усулҳои таълим дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ» маърӯза намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






