Дар Душанбе лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ҷавонон барои Тоҷикистони осоишта» муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ниҳоии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ҷавонон барои Тоҷикистони осоишта» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳхусрав Аюбзод хабар дод.
Мақсади ҷаласа- ин натиҷагирӣ аз раванди татбиқи лоиҳа, шунидани ҳисоботи ташкилоте, ки зимни татбиқи он саҳм доштанд ва муҳокимаи таъмини рушди минбаъдаи натиҷаҳои ноилгардида мебошад.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва роҳбари Намояндагии доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Гиорги Вардишвили, намояндагони доимии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ва дигар ташкилоте, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур саҳм доштанд, ширкат варзиданд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ, СММ-Занон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Исфара, Хоруғ, Балҷувон ва Шаҳринав татбиқ гардида, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун шарики асосӣ дар татбиқи он интихоб шуда буд.
Дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ҷавонон барои Тоҷикистони осоишта» 2 озмоишгоҳи инноватсионӣ, 3 гӯшаи эҷодӣ ва 7 утоқи волонтёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат таъмир ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ҷавонон барои Тоҷикистони осоишта»- ин таҷрибаи хуби ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои СММ дар Тоҷикистон мебошад, ки метавон ин таҷрибаро дар оянда рушд дод.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






