Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Декабрь 21, 2022 15:31

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Дафтари БРСММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиелро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аснои мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда матраҳ шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 24 сентябри соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Ахим Штайнер мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳоди СММ дар кишварро тибқи Санади барномаҳои кишварӣ барои солҳои 2023-2026, ки чанде пеш аз ҷониби Шӯрои иҷроияи БРСММ тасдиқ гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон инчунин атрофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, Конфронси оби СММ-2023 ва конфронси дарпешбудаи муқовимат бо терроризм дар Душанбе мубодилаи афкор карданд.

А. Штайнер аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати пешбурди авлавияти Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ омодагии ниҳоди зерсохторашро изҳор кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 21, 2022 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд