Дар Хоруғ намоиш-фурӯши чорвои шохдори калон ва моли майда ташкил шуд

Декабрь 12, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозори 20 ‐ солагии Истиқлолияти шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши чорвои шохдори калон ва моли майда ташкил карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии сокинони кишвар ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо супориши Раиси вилоят Алишер Мирзонабот роҳандозӣ гардид.

Дар намоиши мазкур чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилоят моли майда, аз қабили бузу гӯсфанд, мурғ, мурғи марҷон ва ҳайвони шохдори калонро бо нархи дастрас ба мизоҷон пешниҳод намуданд.

Раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз ташкили намоиши мазкур ба шахсони мутасаддӣ супориш дод, ки кушодани қассобхона ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти гӯштиро таъмин намоянд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 12, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд