Дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон наваскарон савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

Декабрь 7, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 5 декабр 266 нафар наваскароне, ки барои адои хизмат ба қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд, савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Зикр гардид, ки дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бахшида ба қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарон барномаҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Чунончӣ, 5 декабр дар қисмҳои ҳарбии Кумита, воқеъ дар қаламрави ноҳияҳои Ҳамадонии вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии савганди ҳарбии наваскарони даъвати тирамоҳӣ доир гардид.

Сарбозони ҷавон дар вазъияти тантанавӣ дар назди афсарон, ҳамсафон ва ҳамхизматони худ савганд ёд карданд, ки вазифаи пуршарафи худро шоиставу сазовор ба ҷо меоранд ва ҳамеша омодаи ҳифзи марзу бум, тамомияти арзии кишвари азиз ва таъмини амнияти шаҳрвандони он хоҳанд буд.

Яке аз наваскарон Олим Саидов иброз кард, ки «барои ман савганд ёд кардан лаҳзаи хеле ҳаяҷоновар аст. Ман ҳамеша мехостам ба артиш равам. Ду ҳафта пурра моро бо нозукиҳои касби ҳарбӣ шинос карданд ва барои худам тасмим гирифтам, ки пас аз адои хидмати ҳарбӣ мехоҳам хизматро тибқи шартнома идома диҳам».

Маросими савганди ҳарбӣ бо сафороии тантанавии ҳайати низомӣ анҷом ёфт.

АКС: КҲФ ва МГ

Декабрь 7, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд