Дар Париж ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 декабр дар шаҳри Париж дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Шоҳзода Раҳим Оғохон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва роҳҳои такмили абзори ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 7 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо «Ташкилоти Оғохон оид ба рушд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти шабакавии Хазинаи Оғохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо иброз намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳоро дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳокима карданд.
Дар самти рушди иқтисодӣ ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, алалхусус тавассути Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЭД) ва ширкатҳои ҷамъиятию хусусии он дар Тоҷикистон махсус таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф баррасӣ карда шуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






