Дар Роғун ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
РОҒУН, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷаласаи Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд, ки дар он ҷараёни иҷрои Қонун «Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ҷиҳати амалишавии қонуни мазкур 4 адад комиссияҳои доимӣ ва 21 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият менамоянд. Рафти санҷиш ва таҳлилҳо нишон дод, ки дар бахш комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим китоби бақайдгирии маърака ва ҷашну маросимҳо таъсис дода шуда, баъди муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ ному насаб ва суроғаи зисти шаҳрванд, инчунин намуди маъракаҳо дар китоб ба қайд гирифта мешаванд.
Ёрдамчии прокурори шаҳри Роғун Мурод Саидзода оид ба паёмадҳои ногувори гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ташкилотҳои террористию экстремистӣ ибрози андеша намуд.
Прокурори шаҳри Роғун Хайриддин Қосимзода нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт сухан намуда, вобаста ба масъалаҳои ҷаласаи Шӯро аз ҳама иштирокчиён мудирони бахшу шуъбаҳо даъват ба амал овард, ки барои таъмин, иҷро, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо амалҳои номатлуб канорагирӣ накарда, фаъолияти хешро пурзӯр ва саҳми хешро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва сулҳу суботи ҷовидонаи ватани маҳбубамон гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун










«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






