Дар шаҳри Истиқлол 160 оилаи ниёзманд бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд

Декабрь 16, 2022 12:58

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёди 130 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудаааст, ки 30 адади он соли равон мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳамчунин дар шаҳр барои обод намудани 4 бинои хобгоҳ низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ояндаи наздик онҳо пурра таъмир ва ба сокинони эҳтиёҷманд супорида мешаванд. Аз ин ҳисоб, 160 оилаи ниёзманд бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Истиқлол сохтмони коргоҳи нонпазӣ, қаннодӣ, тарабхона, маркази хизматрасонӣ, осорхона дар боғи фарҳангиву истироҳатии шаҳр, таъсиси ҳавзи об барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва таъмиру навсозии хобгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи иншооти зикршуда шинос гардида, барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии нақшаи буёнди иншооти ҷашнӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба роҳбарияти шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 16, 2022 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд