Дар шаҳри Лодз ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 таъкид гардид

Декабрь 2, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Лодзи Лаҳистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 1 декабр дар ҳамоиши канорӣ бахшида ба мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва амният дар минтақаҳои кӯҳсор» иштирок ва ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар суханронии худ ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар минтақа ва Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди пиряхҳо ёдовар гардида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 даъват ба амал овард.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамоиши мазкур дар ҳошияи ҷаласаи 29-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Қобили зикр аст, ки бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 2, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд