Дар Суғд ба 60 нафар бонувони ҳунарманд грантҳои Раиси вилоят супорида шуданд

Декабрь 14, 2022 08:42

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд ба занони ҳунарманд баргузор гардида, ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар доданд.

Имсол баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) тибқи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» 60 гранти Раиси вилоят, аз ҷумла 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба комиссияи грантҳои Раиси вилоят 104 адад лоиҳаҳои дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳои ба комиссияи грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳодшуда дастгирӣ карда шуданд.

Занони ҳунарманд ният доранд бо истифода аз маблағи грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 10 то 20 нафар занону духтаронро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат грантҳои президентӣ ба маблағи аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегарданд. Дар ин озмун бонувони вилояти Суғд низ ширкат намуда, соҳиби гранти президентӣ мегарданд. Соли 2022 низ 17 нафар бонувони вилоят бо манзури лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои президентӣ гаштанд.

Солҳои охир дар вилояти Суғд грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занон таъсис дода шуда, занони ҳунарманд давоми солҳои 2010-2022, дар маҷмӯъ 3 миллиону 785 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардиданд. Бо ин на танҳо шароити иқтисодии оилаи худро беҳтар намуданд, балки барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис додаанд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 14, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд