Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиши методӣ-таълимии соҳаи ақибгоҳ доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи кишвар ҷамъомади методӣ-таълимии соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи марказ, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои алоҳидаи низомӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Ҷамъомад ба таври назариявӣ ва амалӣ дар қисми ҳарбӣ ва пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташкил шуда, дар доираи он ҳамчунин афсарони самти ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳолати истифода ва самарнокии кишту кор дар заминҳои хоҷагии ёрирасони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат дидан намуданд.
Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷараёни баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат дар самти ақибгоҳӣ оид ба мавҷудият ва ҳолати нигоҳдории молу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шароити гуногуни хизматӣ маълумот доданд. Зикр шуд, ки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбиро бояд самаранок истифода бурда, ба кишту парвариши маҳсулот ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ диққату тавваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд.
Баъди анҷоми ҷамъомади таълимӣ фаъолияти масъулини соҳаи ақибгоҳӣ дар соли 2022 ҷамъбаст ва барои шашмоҳаи якуми соли 2023 вазифаҳо гузошта шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






