ДИ* масъулияти ҳамла ба меҳмонхонаи Кобулро бар дӯш гирифт

Декабрь 14, 2022 12:24

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамлаи рӯзи 12 декабрро ба меҳмонхонаи дипломатҳо ва соҳибкорони чинӣ дар Кобул бар уҳда гирифт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора агентии «France-Presse» иттилоъ додааст.

Дар ин гурӯҳ изҳор кардаанд, ки ду узви он ба меҳмонхонае, ки дар он дипломатҳо ва соҳибкорон аз Чин зуд-зуд меистоданд, ҳамла карда, ду дастгоҳи таркандаи дар бордон пинҳоншударо инфиҷор доданд, инчунин норинҷак партофта, тир холӣ карданд.

Ба иттилои хабаргузории фаронсавӣ, намояндагони ДИ* аксҳои ҳамлагаронро нашр карда, сӣ нафар қурбониёни ин ҳамларо эълон кардаанд.

Дар бораи ҳамла ба меҳмонхона дар маҳаллаи Шаҳринав як рӯз пеш намояндагони «Толибон»* хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, се нафари гумонбар дар ин ҳамла кушта шуда, ягон меҳмони хориҷӣ дар меҳмонхона ҳалок нашудааст, вале бархе аз онҳо ҳангоми аз баландӣ ҷаҳидан ҷароҳат бардоштаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

________________________
*ДИ (Давлати исломӣ) созмони террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 14, 2022 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд