Дилшод Раҳимӣ: «Акнун 7 унсури фарҳанги суннатӣ дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шуданд»

Декабрь 2, 2022 14:09

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳунари кирмакпарварӣ ва тавлиди анъанавии абрешим барои бофандагӣ, ки ҳамчун унсури муштараки фарҳангӣ аз ҷониби Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» (Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон) ба арзёбии ҷаласаи 17-уми байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ироа гардиданд, ба рӯйхати ҷаҳонии Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид шуданд.

Мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ӯ дар ин ҷаласа дар қатори беш аз 1200 нафар намояндагон аз кишварҳои гуногун иштирок дорад.

«Ҳайати Кумита иборат аз 24 кишвари аъзо мебошад, ки дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи даврии кишварҳои узв, ҳисоботи ҷамъбасти лоиҳаҳои дастгириёфта ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карда, номинаеҳоро, ки барои сабт дар феҳристҳо пешниҳод шудаанд, муҳокима мекунанд»,-иброз намуд номбурда.

Дилшод Раҳимӣ гуфт, ки «1 декабр дар ин ҷаласа ду номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя баррасӣ шуда, расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инҳо «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ» (муштарак аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон) ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» (муштарак аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон) мебошанд».

«Бояд гуфт, ки акнун аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 унсури фарҳанги суннатӣ дар ин Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шуданд»,- бо хушнудӣ тазаккур дод Дилшод Раҳимӣ ва ҳамзамон афзуд, ки ин дастоварди навбатии фарҳангиро ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон табрик мегӯям.

Мавсуф илова кард, ки солҳои қаблӣ номинаҳои «Шашмақом» (2008, муштарак бо Ҷумҳурии Узбекистон), «Наврӯз», «Оши палав» (2016), «Санъати гулдӯзии чакан» (2018), «Фалак» (2021) дар феҳристи мазкур сабт шуда буданд.

Ногуфта намонад, ки Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ 12 октябри соли 2003 дар Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО бо мақсади ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 17-уми байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ 28 ноябри соли 2022 дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш оғоз ёфта, то 3 декабри соли 2022 идома хоҳад дошт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Дилшод Раҳимӣ

Декабрь 2, 2022 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид