ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Декабрь 9, 2022 15:47

ДУШАНБЕ, 09.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳуқуқи инсон: дирӯз ва имрӯз»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар»

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир карда шуд.

Муовини Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Сафармамад Сафармамадзода иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши бориз мегузорад. Мавсуф  нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.

Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Нурулло Қурбонализода нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд»,- гуфт Нурулло Қурбонализода.

Дар ҳамоиш олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 19 маърўза дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли мазмун ва моҳияти ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ; ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои гурезаҳо;  нақши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои танзими ҳуқуқии соҳавии он; таҳаввули ҳокимияти судии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсия кори худро дар чор бахш ба роҳ монда, дар он зиёда аз 94 маърўза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона пешниҳод гардиданд.

Зимни баррасии мавзуъҳои зикргардида аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ ироа шуданд. Зикр гардид, ки Конститутсияи ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон кардааст. Аз ин рў, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд меҳвари фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил диҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2022 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд