Душанбе ва Исломобод бародаршаҳр шуданд

Декабрь 15, 2022 09:47

ДУШАНБЕ, 15.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 14 декабри соли 2022 дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод ба имзо расид.

Ба иттилои корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Ҳакимзода, аз ин пеш пойтахти Тоҷикистон бо шаҳри Лаҳори Покистон созишномаи бародаршаҳриро ба имзо расонида буд.

«Шумораи бародаршаҳрҳои Душанбе ба 21 то расид», — илова кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт. Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид.

Дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф як зумра санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 21 шаҳри давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Америка ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ истиқрор намудааст.

Соли равон шаҳри Душанбе ҳамчунин бо шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда буд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон (3-4 марти соли 2022) дар мулоқот бо роҳбари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку Элдар Азизов ба Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боку имзо гузоштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои зерини ҷаҳон робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст:

  1. САНЪО (Ҷумҳурии Яман)
  2. ЛУСАКА (Ҷумҳурии Замбия)
  3. МОНАСТИР (Ҷумҳурии Тунис)
  4. ЛАҲОР (Ҷумҳурии Исломии Покистон)
  5. КЛАГЕНФУРТ (Ҷумҳурии Австрия)
  6. БОУЛДЕР (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)
  7. РОЙТЛИНГЕН (Ҷумҳурии Федеративии Олмон)
  8. МАЗОРИ ШАРИФ (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон)
  9. ТЕҲРОН (Ҷумҳурии Исломии Эрон)
  10. ШЕРОЗ (Ҷумҳурии Исломии Эрон)
  11. САНКТ-ПЕТЕРБУРГ (Федератсияи Россия)
  12. МИНСК (Ҷумҳурии Беларус)
  13. УРУМЧӢ (Ҷумҳурии Мардумии Чин )
  14. АНҚАРА (Ҷумҳурии Туркия)
  15. СЯМЭН (Ҷумҳурии Мардумии Чин)
  16. АШҚОБОД (Туркманистон)
  17. ЧИНДАО (Ҷумҳурии Мардумии Чин)
  18. ХАЙНАН (Ҷумҳурии Мардумии Чин)
  19. ОСТОНА (Ҷумҳурии Қазоқистон)
  20. БОКУ (Ҷумҳурии Озарбойҷон)
  21. ИСЛОМОБОД (Ҷумҳурии Исломии Покистон)

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд