«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷаласаи ҳайати Комиссияи озмун масъалаи ба таври шаффоф гузаронидани он баррасӣ шуд

Декабрь 3, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Зимни он раиси комиссия аз ҳайати доварон даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни  озмун шаффофиятро таъмин намуда,  бо иштирокдорон вобаста ба синну сол муносибат намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод.

Зимни баррасии масъалаҳо муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар се озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст.

«Ҳадафи асосии Сарвари давлат  аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст. Дар ин росто, барои ғолибони ин озмунҳо дар баробари мукофотҳои пулӣ як қатор имтиёзҳо низ муқаррар гардидааст», — тазаккур дод Матлубахон Сатториён.

Ҳамчунин, дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илм, муовини раиси Комиссия Раҳим Саидзода вобаста ба тасдиқи протоколҳои ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун ва иҷозат додани ғолибон барои иштирок дар даври чорум гузориш дод.

Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, бо назардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорони ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, аз ҷониби раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ба ҳайат ва аъзои комиссия дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва холисона баргузор намудани даври ҷамъбастии озмун тамоми тадбирҳои  зарурӣ андешида шаванд.

Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаштани озмун таклифу пешниҳоди иштирокдорон шунида шуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид