ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар шаҳри Душанбе ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимӣ анҷом дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев тамоми бозигаронеро, ки дар ихтиёри даста буданд, аз назар гузаронд. Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии моҳи декабр бо дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (2:0, 1:1) ду бозии санҷишӣ доир кард. Тибқи нақшаи ситоди мураббиён, ҷамъомади навбатии тамринӣ дар Душанбе 6 январ доир мешавад.
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад. Дар чемпионати Осиё дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон дар Узбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар кишвари Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.
Акс: ФФТ








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






