Хонандаи тоҷик Муҳаммад Қодиров дар Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Боку сазовори ҷойи сеюм гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Муҳаммад Қодиров дар Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Боку сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Олимпиадаи байналмилалии «Озмоишгоҳи омоданамоии маҳоратҳо» («Лаборатория подготовка талантов») аз рӯи фанҳои дақиқ аз 11 то 15 декабр миёни наврасони давлатҳои гуногуни дунё дар шаҳри Бокуи давлати Озарбойҷон баргузор гардид.
Олимпиадаи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба фанҳои дақиқ баргузор гардида, имкон медиҳад неруи зеҳнии наврасон инкишоф ёбад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе









Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






