Идрис Ёров фаъолияташро дар Суперлигаи Россия оид ба футзал идома медиҳад

Декабрь 21, 2022 16:32

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ва бошгоҳи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Идрис Ёров ба ҳайати тими «Тюмен»-и Федератсияи Россия пайваст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Лигаи футзали Тоҷикистон хабар доданд.

Идрис давоми 6 моҳи оянда дар Суперлигаи Россия шарафи дастаи «Тюмен»-ро ҳимоя хоҳад кард. Идрис Ёров танҳо пас аз 24 январи 2023- баъди кушода шудани равзанаи зимистонаи гузаришҳо дар Суперлигаи Россия метавонад дар ин даста ҳунарнамоӣ кунад.

Қаблан футзалбози тоҷик давоми ду ҳафта дар Россия аз санҷиши бошгоҳи «Тюмен» гузашта буд. Ба ақидаи иҷрокунандаи муваққатии вазифаи директори тими «Тюмен» Денис Харин, бо маҳорати воло нишон додани Идрис дар Суперлига қарордод тамдид карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Идрис Ёров аз соли 2018 инҷониб шарафи дастаи  «Соро компания»-ро ҳимоя мекард.

АКС: ТВ «Варзиш»

Декабрь 21, 2022 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд