Имрӯз дар Москва нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ ва ИДМ баргузор мешавад

Декабрь 9, 2022 11:33

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 декабр дар Москва ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ ва давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа табодули афкор намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ хоҳанд кард.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи якҷояи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД ва ҷаласаи XV пленарии АП СААД, ки 5 декабр дар толори «Колонний»-и Хонаи иттифоқҳои Москва доир шуд, гуфтанд, ки низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада барои рушди аксари кишварҳо мушкилот эҷод мекунанд. «Дар ин замина вазъияте, ки дар Афғонистони ҳамсояи мо ба амал омадааст, махсусан ташвишовар аст»,- гуфтанд Рустами Эмомалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Созмон бояд барои ҳифзи марзҳои ҷанубӣ аз терроризму ифротгароӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва зарур аст, ки таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон вусъат бахшида шавад.

«Имрӯз он (вазъи Афғонистон — Тавзеҳи АМИТ «Ховар») ба манфиатҳои амнияти дастҷамъӣ таҳдиди воқеӣ ва эҳтимолан зиёд дорад. Дар ин гуна ҳолат кишварҳои моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бори дигар ҷиҳати таъмини амнияти сарҳадҳои ҷанубии СААД ва ба ҳадди ақал расонидани таҳдидҳои аз ин самт бароянда тадбирҳои таъҷилӣ андешем»,-изҳор намуданд Рустами Эмомалӣ.

ДАР АКС: Вазири мудофиаи ҶТ, генерал-полковник Шералӣ Мирзо. Акс: Агентии махзани аксҳо sco-russia2020.ru

Декабрь 9, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд