ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИЧ/СПИД. Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон ҳамоиш доир мегардад

Декабрь 1, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО — ВИЧ/СПИД) таҳти унвони «Баробарӣ дар ҷомеа» ҳамоиш ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам» оид ба масъалаҳои эпидемиологӣ Алиҷон Солиев.

Бемории СПИД — ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-уми асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ, ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз Вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50 фоизро ҷавонони аз 14 то 20-сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ба ин хотир аз соли 1996 1 декабрро ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) таҷлил менамояд. Ҳадаф аз таҷлили ин сана- иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он мебошад.

Муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам оид ба масъалаҳои эпидемиологӣ Алиҷон Солиев зикр намуд, ки аз оғози эпидемия, яъне аз соли 1991 то 30 ноябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 14 977 ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар 11 моҳи соли 2022 ҳамагӣ 1226 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1004 нафар бори аввал (957 нафар аз шумораи бемороне, ки соли 2022 дарёфт шуданд ва 47 нафар аз солҳои пешин) ва 222 нафар такроран ба табобат фаро гирифта шудаанд.

«Аз сабаби он ки ВНМО -ВИЧ/СПИД солиёни зиёд метавонад дар ҷисми инсон бе нишона боқӣ монад, мо чанд соли охир ташхисҳои муайян намудани муҳлати сироятро ҷорӣ намудем. Дар мамлакат ҷиҳати ташхису табобати ин беморӣ тамоми шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Он ташхисҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд».

Инсон чӣ гуна ба ин беморӣ гирифтор мешавад?

Ин беморӣ дар инсонҳое, ки ба гурӯҳи хатар таааллуқ доранд, бештар дида мешавад. Инҳо бештар нашъамандонанд, ки героинро ба тариқи тазриқӣ истеъмол мекунанд ва занону мардонеанд, ки даст ба фоҳишагӣ мезананд.

Ба гуфти мутахассисон, ин беморӣ ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд, сироят карда метавонад. Он аз мард ба зан ва аз зан ба мард гузашта метавонад. Инчунин ҳангоми хунгузаронӣ ба воситаи хуне, ки дар таркибаш ин вирус вуҷуд дорад, низ сироят мекунад. Бештари мубталоён нашъамандонанд, бахусус истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир.

Яке аз роҳҳои сироятёбӣ он аст, ки як сӯзандоруро чанд нафар нашъаманд бо роҳи тазриқӣ истифода мебаранд ва агар дар он гурӯҳ 10 нафар бошанду яке сироятшуда, пас он даҳ тан ҳатман сироят меёбанд. Аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва шир додан аз пистон низ мегузарад.

Роҳҳои сироят нагардидан кадомҳоянд?

ВНМО тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад.

Дар Тоҷикистон барои пешгирии ин беморӣ чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 1 маркази ҷумҳуриявӣ, 4 маркази вилоятӣ ва 62 маркази шаҳрию ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО фаъолият доранд, ки мунтазам таҳлили ҳолати сироятёбии ВНМО/БПНМ, расонидани ёрии амалӣ оид ба такмили назорати эпидемиологӣ, ташкил ва гузаронидани маҷмўи чорабиниҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, расонидани тамоми намудҳои ёрии ташхисию табобатӣ ба беморони сироятёфтагони ВНМО ва гирифторони бемории пайдошудаи норасоии масуният (бистарикунонӣ, табобат, назорати диспансерӣ, муоина, пешгирӣ)-ро дар ҷумҳурӣ амалӣ менамоянд.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 320 адад ташхисгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла 42 дастгоҳи замонавии ташхиси иммуноферментӣ фаъолият намуда, дар назди 9 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дастгоҳҳои муайянкунии таҷзияи занҷираи полимеразӣ (ПЦР) ва дар назди 7 марказ муайянкунии ҳуҷайраҳои СД4 арзи вуҷуд доранд.

Ташкил намудани чунин ташхисгоҳҳо имконият медиҳад, ки сифати табобат назорат карда шуда, ҳангоми зарурат ба реҷаи табобат тағйирот ворид карда шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 1, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН. Дар Душанбе барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва гузашти низомӣ баргузор гардид
ЗАНОН ВА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Занону духтарон ҳуқуқ доранд касбу ҳунар ва самти фаъолиятро озодона интихоб намоянд
Дар Тоҷикистон низоми электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад
ГУРДОФАРИДОНИ ВАТАН. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 1000 нафар занону духтарон хизмат менамоянд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ». Дар Хатлон ҳамоиши сиёсӣ-тантанавӣ доир гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ ХАРИТАҲОИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки дар ҷомеа барои пешгирии офатҳо тадбирҳо андешида шавад
Дар Тоҷикистон конгресси байналмилалӣ дар самти ҷарроҳӣ доир мешавад
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо дастгоҳи замонавии рентгени рақамӣ таъмин гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Соли 2024 ин грант ба 120 нафар занон барои рушди ҳунармандӣ ҷудо гардид
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба таълими касбӣ фаро гирифта шуданд
Сиёсати иҷтимоӣ самти муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 мебошад