Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои Бадахшон дубора фаъол мегардад
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ояндаи наздик дубора ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
Зикр шуд, ки иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳо дар гузашта яке аз корхонаҳои калон ба ҳисоб мерафт, аммо бо мурури замон ин корхона муфлис гардида, тамоман аз фаъолият монд.
Дар айни замон бо дастур ва супориши бевоситаи Раиси вилоят Алишер Мирзонабот барои аз нав ба кор даровардани матбааи вилоятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ояндаи наздик он дубора фаъол мегардад.
Бо мақсади шиносоӣ ва тезонидани ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар матбааи вилоятӣ роҳбарияти вилоят аз ин корхона дидан намуда, барои ҳарчӣ тезтар ба кор андохтани матбаа ва анҷоми босифати корҳои таъмирии бинои он ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон аз идораи рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», ки таърихи зиёда аз 90-сола дорад, боздид ба амал оварда шуд.
Раиси вилоят аз шароити кории барои кормандони рӯзнома фароҳамоварда изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.
Раиси вилоят ҳамчунин бо фаъолияти Маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ҷиҳати пешбурди корҳои таъмирӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Акс: МИҲД ВМКБ








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






