Кишоварзони Тоҷикистон соли 2022 барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ саҳми назаррас гузоштанд

Декабрь 23, 2022 14:54

ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ман ба кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла деҳқонон миннатдорӣ баён мекунам, ки дар соли 2022 барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳми намоён гузоштанд». Ин матлабро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Парлумони мамлакат таъкид намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат зикр карданд, ки дар Тоҷикистон тавлиди тухм ва гӯшти мурғ афзоиш ёфт ва ба ин далел воридоти он 11 баробар коҳиш ёфтааст. Инчунин дар соли 2022 беш аз 1 миллион тонна картошка ва 1 миллиону 600 ҳазор тонна лӯбиёгиҳо парвариш карда шуданд.

Инчунин Пешвои миллат аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Бояд гуфт, ки тайи ду сол аст, ки Сарвари давлат ба кишоварзон дастур медиҳанд, ки «аз як замин аз 1-2 то 3-4 ҳосил рӯёнидан мумкин аст». Кишоварзони мамлакат ин дастурро амалӣ намуда, солҳои охир бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуданд.

Аз ҷумла, соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода зимни баргузории Фестивали картошка зикр дошт, ки «Тоҷикистон то соли 2020 1 млн тонна картошка истеҳсол мекард. Ин рақам соли 2021 ба 1 млн 20 ҳазор тонна расид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад».

Мавсуф зикр намуд, ки дар ҷамъбасти даҳмоҳаи соли 2022 саҳми кишоварзони мамлакат дар ММД зиёда аз 23 фоизро ташкил медиҳад. Соли равон аз хориҷи мамлакат ягон миқдор картошка ворид нашуда, тамоми маҳсулот истеҳсоли ватанӣ мебошад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2022 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад