Кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ рушди устувори соҳаи сайёҳиро пас аз пандемияи COVID-19 баррасӣ карданд

Декабрь 15, 2022 10:02

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр ҷаласаи 4-уми роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи Харитаи роҳ ҷиҳати мусоидат ба барқарорсозии босуръат, рушди бехатар ва устувори сайёҳӣ пас аз Ковид-19 дар минтақаи СҲИ қабул карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишаст масъалаҳо вобаста ба интихоби пойтахти сайёҳии СҲИ, лоиҳаи эъломияи Самарқанд, замон ва макони баргузории нишасти вазирони сайёҳии мамлакатҳои аъзо дар соли 2023 ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар кори ҷаласа муовини Сарвазир – Вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов, Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ, роҳбарони мақомоти сайёҳии мамлакатҳои узви СҲИ аз Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Туркия иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар доираи вохӯрӣ ҷаласаи 6-уми гурӯҳи коршиносони аршади соҳаи сайёҳии мамлакатҳои узви СҲИ баргузор шуд.

Зимни нишаст шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон барои соли 2023 пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардида, эъломияи Самарқанд қабул карда шуд.

Натиҷаи кори нишасти 4-уми вазирони сайёҳии мамлакатҳои аъзои СҲИ бо протоколи дахлдор ба расмият дароварда шуд.

Қобили зикр аст, ки 4 октябри соли 2019 дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии мамлакатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир шуд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардида буд.

Тибқи нақша, ҷаласа бояд дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба таври ҳузурӣ баргузор мешуд. Бинобар вазъи эпидемологӣ он дар сиғаи маҷозӣ гузаронида шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2022 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд