КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бонги изтироб мезанад: аз норасоии об ва воситаҳои беҳдоштӣ ҳамасола миллионҳо нафар ба ҳалокат мерасанд

Декабрь 16, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ   «Ховар»/. Гузориши нави СУТ ва тартиботи «СММ –захираҳои обӣ» ба ҳалли таъҷилӣ ва таъхирнопазири мушкилоти таъмини ҳамаҷонибаи обтаъминкунӣ, воситаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ дар арафаи Конфронси оби СММ — 2023 бахшида шудааст.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ҳадафҳои вазифаҳое, ки дар ин самт гузошта шудаанд, зери хатар қарор доранд, аз ин рӯ, дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ чораҳои иловагӣ дидан зарур аст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти хабарии СММ хабар медиҳад.

Омори риққатовар

Дар ҳуҷҷати «Таҳлил ва арзёбии ҷаҳонии беҳдошт ва оби ошомиданӣ» зикр мешавад, ки аз 120 кишвар танҳо 45 дарсади онҳо дар пайи дастёбӣ ба ҳадафҳои миллии худ дар мавриди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ҳастанд. Дар соҳаи воситаҳои беҳдошт ин рақам ҳамагӣ 25 фоизро ташкил медиҳад.

Қариб сеяки кишварҳо оид ба захираҳои кофии инсонӣ барои иҷрои вазифаҳои асосӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ, воситаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ иттилоъ додаанд. Зиёда аз 75 дарсади кишварҳо ба СММ дар бораи набудани маблағгузории кофӣ барои татбиқи нақшаҳо ва стратегияҳои об, воситаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ  хабар додаанд.

Қафомонӣ аз ҷадвали пешбинишуда

«Ҷаҳон барои ноил шудан ба Ҳадафи Шашуми рушди устувор дар соҳаи об ва беҳдошт барои ҳама то соли 2030 хеле қафо мондааст ва миллиардҳо одамон ба хатари гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, бахусус ҳангоми офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим қарор доранд», зикр кард Жилберт Унгбо, Раиси «СММ — захираҳои об ва Директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат.

Конфронси таърихии об

Ин конфронс аввалин конфронси оби СММ оид ба захираҳои об  баъд аз Мар дел-Плата (Аргентина) мебошад.

Бори аввал дар 50 соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути Созмони Милали Муттаҳид пешрафтро баррасӣ мекунад ва ба худ уҳдадориҳои қавӣ барои дубора фаъол кардани амалиёти об ва беҳдоштро бо раҳбарони ҷаҳон хоҳад гирифт.

Конфронс дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, баргузор мешавад.

Воқеан…

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, якдилона қабул кард. Ин яке аз қатъномаҳои нодир аст, зеро он ҳам эълон кардани Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалиро дар бар мегирад. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии 153 кишвари узви СММ қабул гардид.

Оид ба барномаи «СММ — захираҳои об»

Барномаи «СММ — захираҳои об» кори Созмони Милали Муттаҳидро дар соҳаи обтаъминкунӣ ва воситаҳои беҳдоштӣ ҳамоҳанг месозад. Он аз сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ (шарикон) иборат аст, ки ба масъалаҳои обтаъминкунӣ ва воситаҳои беҳдоштӣ машғуланд. Нақши тартибот аз таъмини ягонагии амалиёти аъзо ва шарикон дар ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об иборат аст.

Аиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ   «Ховар»

 ДАР АКС: Қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк. Акс аз Хадамоти иттилоотии СММ

Декабрь 16, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Асарҳои рассомони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз – 2026» дар Ҷопон баҳои баланд гирифтанд
Дар Женева ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Сеул ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи гумрук баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба об мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо ректори Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Миср мулоқот намуд
Аввалин машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Миср баргузор гардиданд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия мулоқот намуд
Дар Душанбе раванди татбиқи санаду барномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд