Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба дурнамои макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд

Декабрь 15, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ нақша дорад таваҷҷуҳи худро ба дурнамои макроиқтисодӣ дар соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар намуда, ба баланд бардоштани устувории он равона созад. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии Калин Тинчев ва аъзои гурӯҳ иброз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо аъзои гурӯҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба рушд додани ҳамкории мутақобилан судманд суҳбат намуд.

Сироҷиддин Икромӣ оид ба фаъолияти молиявии бонк дар 11 моҳи соли 2022 маълумот пешниҳод кард. Роҳбарияти «Амонатбонк» нисбат ба Дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати бонк маълумот дода, намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявиро бовар кунонданд, ки новобаста аз вазъи геосиёсии дунё таъсири манфии он ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, муносибатҳои байналмилалии бонк бо шарикони рушд ва таъсири манфии ҳодисаҳои мазкур, ҳолати молиявии БДА ҶТ «Амонатбонк» муътадил нигоҳ дода шудааст.

Намояндагони гурӯҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ иттилоъ доданд, ки ҳамкории судманди дуҷониба бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун бонки низомсози кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, имрӯз заминае вуҷуд дорад, ки солҳои минбаъда он боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ва пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ таваҷҷуҳ намуда, омодагии хешро бобати густариш додани ҳамкорӣ иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати баландпояи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти раёсати роҳбари миссия Мэтю Гертнер ҷиҳати баргузор намудани мулоқот бо роҳбарони якчанд вазорату идораҳои блоки иқтисодии ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон то 16 декабр идома меёбад.

АКС: БДА ҶТ «Амонатбонк»

Декабрь 15, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд