«КОРВОНИ САЛОМАТӢ» ДАР КУҲАНДИЁР. Сокинони шаҳри Конибодом ба хизмати ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд

Декабрь 10, 2022 09:51

СУҒД, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корвони навбатии саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом қарор гирифт, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Конибодом.

Чанде қабл корвони навбатии саломатӣ бо иштироки табибони вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр қарор гирифта, шаҳрвандон ва бошандагони ин ҳудудро аз муоина гузаронид.

Сокинон тариқи «Корвони саломатӣ», ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилоят ташкил гардидааст, ба таври ройгон аз хизматрасонии тиббӣ истифода бурданд.

Бояд гуфт, ки ин дуюмин сафари «Корвони саломатӣ» ба шаҳри Конибодом буда, дар назар аст, ки тамоми ҷамоатҳои деҳоти шаҳрро фаро гирад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Конибодом

Декабрь 10, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад