Маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Олимназар Холиқназаров гузошта шуд

Декабрь 28, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 28 декабр таҷлил мешавад, бо ташаббус ва қарори Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ аз 27 декабри соли 2022 маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзанди  далеру шуҷои Ватан шодравон Олимназар Холиқназаров ба номи ӯ гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Ин иқдоми саривақтии намояндагони халқ баҳри қадрдонӣ ва арҷгузории заҳматҳои ҷавонмардонаву садоқати ватандӯстонаи як фарзанди сарсупурдаи Тоҷикистон, ки дар роҳи ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ва домани поки модару хоҳари тоҷик ҷонфидоӣ намуда, то нафаси охирин ба қасами ҳарбии худ содиқ монд, роҳандозӣ гардид. Ташаббуси мазкур ҳамзамон ба хотири тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, инчунин садоқату вафодорӣ ба Ватан — модар ва хоки муқаддаси Тоҷикистон равона гардидааст.


Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони қурбониён — полковник Олимназар Холиқназаров ва капитан Шералӣ Раҳимзода, ки дар натиҷаи низоъҳои марзӣ ҳалок шуда буданд, изҳори таслият ва эҳсоси ҳамдардии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид

Давлату Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллатро ҳамеша қадр мекунанд.

АКС: рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Декабрь 28, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид