МАРҲИЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФЕСТИВАЛИ XVII «КАТЮША» ДАР МОСКВА. Миёни меҳмонони фахрӣ Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо низ буд
ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хонаи марказии Артиши Россия дар Москва марҳилаи байналмилалии Фестивали XVII ҳунарҳои мардумии «Катюша» барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони низомии вазорату идораҳои кишварҳои ИДМ, собиқадорони ҷангу хизмати ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо баргузор гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ хабар медиҳад, миёни меҳмонони фахрӣ Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо иштирок дошт.
Дар марҳилаи байналмилалии ҷашнвора ҳунармандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагиҳои қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Россия ширкат доштанд. Дар артиши ҳамаи ин кишварҳо, ки анъанаҳои бойи фарҳангӣ, суруди ҳарбӣ хеле маъмул аст, ҳунармандони онҳо борҳо дар фестивали «Катюша»-и солҳои қаблӣ, инчунин дар Фестивали байналмилалии «Артиши фарҳанг», ки дар доираи чорабиниҳои умумиҷаҳонии Бозиҳои байналмилалии артишӣ баргузор мегардад, иштирок кардаанд.
Ҳоло ҳам ҳар як иҷрокунанда дар баромади худ кӯшиш мекард, то ки на танҳо маҳорати баланди иҷрокунандагӣ нишон диҳад, балки ҳунари миллӣ ва хусусияти фарҳангии кишвари худро низ равшан ифода намояд.
Марҳилаи ҷашнвора бо суруди таърихии «Катюша», ки бо шаш забон, аз ҷумла тоҷикӣ иҷро шуд, ба охир расид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати мудофиаи ФР










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






