Маркази миллии тестӣ даҳ довталаби беҳтарини соли 2022-ро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабр даҳ довталаби беҳтаринро дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-и соли 2022, ки аз рӯи ҳамаи субтестҳои супоридаашон натиҷаҳои баландро соҳиб гардидаанд, эълон намуда бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Инчунин дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) 17 нафар беҳтарин довталабони имсола, ки аз фанҳои мазкур холҳои бештар ба даст овардаанд, қадрдонӣ шуданд.
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода зикр кард, ки Маркази миллии тестӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади тарғибу донишандӯзии ҷавонон ва ҳавасманд кардани онҳо аз соли 2018 инҷониб довталабони беҳтаринро муайян ва қадрдонӣ мекунад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






