Дар Бадахшон масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ вазифадор гардиданд

Декабрь 6, 2022 14:07

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси вилоят Алишер Мирзонабот, Раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, намояндаи прокуратураи вилоят, аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷаласаи комиссияи мазкур доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ВМКБ ва ҳамзамон котиби комиссия Ғолиб Ниятбеков вобаста ба татбиқи қонуни мазкур ҳисобот дод. Зикр шуд, ки комиссия дар робита ба рушди забони давлатӣ дар идораву муассисаҳо, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таълимии миёнаю олии касбӣ бо мақсади амалигардонии сиёсати давлатии забон корҳои зиёдеро анҷом дод.

Мавсуф тазаккур дод, ки дар амалӣ намудани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳиссаи Раёсати маорифи вилоят, филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии соҳаи маориф, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилоят назаррас аст.

Таъкид гардид, ки ҳоло ҳамаи коргузорӣ дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, идораву муассисаҳо ва барномаҳои фарҳангию маърифатӣ пурра ба забони давлатӣ мебошанд.

Алишер Мирзонабот масъаларо ҳаматарафа таҳлил карда, ҷиҳати амалӣ намудани қонуни мазкур ва иҷрои талаботи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020‐2030» ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.


Раиси вилоят гуфт, ки забони тоҷикӣ забони шеър аст, бо он асарҳои арзишманде офарида шудаанд, ки имрӯз ба башарияо ғизои маънавӣ мебахшанд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши забони тоҷикӣ ва дар мадди аввал дар зеҳн ва шуури насли наврасу ҷавон ҷо кардани муҳаббат ба забону фарҳанги гузаштаи пурғановати тоҷик вазифаи ҷонии ҳар фард мебошад.

Зимни ҳамоиш эрод гирифта шуд, ки ҳоло омӯзиши забони давлатӣ дар сатҳи муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин, минбаъд бояд мушкилоти ҷойдошта дар ин самт низ мавриди корбарӣ қарор дода шаванд.

Дар муҳокимаронии масъала Раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи вилоят, котиби шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ректор ва устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, директорони Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ иштирок намуда, таклифҳои судманд ба миён гузоштанд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 6, 2022 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд