МЕТАВОНЕМ ОРОМ БИХОБЕМ. Имрӯз — Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон

Декабрь 28, 2022 12:56

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ таҷлил мешавад. Ин иди касбӣ нафаронеро, ки барои худ хизмати душвору масъулиятнок интихоб кардаанд, муттаҳид менамояд. Онҳоеро, ки неру ва ҳатто ҷони худро дареғ надошта, давлат, ҷомеа ва шаҳрвандони моро аз таҳдидҳои берунию дохилӣ ҳифз менамоянд ва пояҳои сохти конститутсионию тамомияти арзии кишварро муҳофизат мекунанд, инчунин ба муқобили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва коррупсия муборизаи беамон мебаранд.

Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола 28 декабр таҷлил мегардад. Ин ид соли 2011 бо фармони Президенти мамлакат ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мекунад. Тибқи қонун, кумита дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ намуда, соҳаи таъмини амнияти шахсият, ҷомеа, давлат ва ғайраро танзим ва роҳбарӣ мекунад. Қонун ин ниҳодро муваззаф менамояд, ки дар асоси принсипҳои қонунӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инсондӯстӣ, баробарӣ дар назди қонун, беҳизбӣ ва ғайра фаъолият намояд.

Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КАМ) соли 1991 таъсис ёфта, соли 1995 аз нав ташкил шуда, ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ гардида буд, аммо соли 2006 ин вазорат фаъолияташро қатъ кард ва ба ҷойи он Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( КДАМ Тоҷикистон) таъсис ёфт.

Тибқи қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» КДАМ ба низоми ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ дохил мешавад. Ин ниҳоди иктишофӣ ва зиддииктишофӣ мебошад, ки вазифаи асосии он таъмини амнияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Уҳдадориҳои асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз таъмини амнияти дохилӣ ва сарҳадӣ, зиддииктишофӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта иборат мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар моҳи декабри соли 2017 ба кормандони ин сохтори қудратӣ, фарзандони содиқи Ватан ва муҳофизони тамомияти арзии мамлакат барои иҷрои шоистаи уҳдадориҳо изҳори сипос намуда, нақши онҳоро дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва таъмини амнияти миллӣ таъкид карданд.

Мо метавонем ба шарофати посбонони марзу бум, ки омодаанд ба ҳар каси зараррасон посух диҳанд, оромона бихобем.

АКС: АМИТ «Ховар»

АЗ АМИТ «ХОВАР»: Кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистонро бо иди касбиашон шодбош мегӯем! Ба онҳо барои заҳматҳояшон дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвари мо изҳори сипос менамоем! Ба собиқадорони мақомоти амнияти миллӣ таманниёти нек орзу мекунем. Кордонӣ, матонат ва фидокориҳои шумо барои онҳое, ки имрӯз дар посбонии амният ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон қарор доранд, ҳамеша намуна хоҳанд буд.

Фарорасии соли нави 2023 муборак! Дар соли нав ба шумо ва наздиконатон саломатии бардавом ва муваффақият таманно дорем!

Декабрь 28, 2022 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд