Миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид

Декабрь 15, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) лоиҳаи фарогирии молиявии гендериро оғоз намуданд, ки он тавассути баимзорасонии созишнома миёни ҳар ду бонк оид ба лоиҳаи «Дастгирии узвияти БМТ дар Алянс барои фарогирии молиявӣ» (АФМ) сурат мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ хабар доданд.

Баимзорасонии созишномаи мазкур ба фарогирии бештари молиявӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мутобиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» заминаи мусоид фароҳам меорад.

Илова бар ин, дар доираи барномаи мазкур гузаронидани якчанд чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин иқдом ба татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббус инчунин бо уҳдадориҳои Бонки миллӣ тибқи Нақшаи Амали Денарауи Алянс ба фарогирии молиявӣ мувофиқат мекунад. Ин ҳуҷҷат кишварҳои аъзоро барои дар доираи фаъолияти танзимгарони бахши молиявӣ ва сиёсатмадорони худ андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар самти фарогирии молиявӣ роҳнамоӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи Алянс барои фарогирии молиявӣ ба шумор рафта, фаъолияти АФМ ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар кишварҳои аъзо равона карда шудааст.

АКС: шуъбаи матбуоти БМТ

Декабрь 15, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид