Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ашт шинос гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.
Муовини Сарвазири мамлакат кишоварзони ин ноҳияро барои барзиёд иҷро намудани дурнамои ҷамъоварии пахта табрик намуд.
Зикр шуд, ки дар замони Шӯравӣ агар ҳосилнокии баланд аз ҳар гектар майдони пахта 17-18 сентнерро ташкил медод, мардуми ноҳия ин нишондиҳандаро то 29,1 сентнер боло бурдаанд. Бояд гуфт, ки ин гуна ҳосилнокии баланд дар ягон шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст. Мардуми меҳнаткаши ноҳия тавонистанд бо меҳнати содиқона аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнанд.
Сипас Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо муовини Раиси вилоят оид ба масоили кишоварзӣ Зариф Мирдадо, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо кори пойгоҳҳои обкашии АНС 1, 2 ва коргоҳи харротии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия Ашт шинос шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат имрӯз ҳамчунин аз ҷараёни корҳои бунёди коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, баробари ба фаъолият оғоз намудани он 200 нафар бонувон ва сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






